Azizistaj Headline Animator

Azizistaj

↑ Grab this Headline Animator

вторник, 27 января 2015 г.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Озодаи Эмомалӣ хушсалиқаҳои Душанбе эълон шуданд

Радиои “Ватан” барои чорумин бор маросими “ТОП-50” ё 50 хушсалиқаи шаҳри Душанберо баргузор намуд. 
Маросими эълони барандаҳои ҷоизаи мазкур шоми 23 январ дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” баргузор шуд.
Дар қатори 50 хушсалиқаи пойтахт дар соли 2014 шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовини аввали вазири умури хориҷии Тоҷикистон Озодаи Эмомалӣ низ номбар шуданд. Инчунин, журналистон Заринаи Хушвақт, Фирӯз Баротов, Далери Ғуфрон, Тахмина Раҷабова, Фарангис Исломова, ҳуқуқдонҳо Нигина Баҳриева, Анна Викторова, варзишгарон Нуриддин Давронов, Фирдавс Дӯстов, Матлуба Каримова, Умед Исоев, овозхонҳо Собир Аминову Мадина Ҳақназарова ва чанде аз намояндагони фарҳангу, тиб ва соҳибкорони муваффақ ғолибони ҷоизаи “ТОП-50” буданд. 

Ҷоизаи “ТОП-50” яке аз бузургтарин лоиҳаҳои радиои “Ватан” мебошад. Радиои “Ватан” фаъолияти худро 7 майи соли 2003 оғоз карда, дар пойтахти кишвар ва атрофи он рӯи мавҷи 106 ФМ пахш мешавад. Инчунин, радиои мазкур дар маркази вилоятҳои Суғд (103,3 ФМ), Хатлон (102,4 ФМ) ва Бадахшон (105 ФМ) низ қобили шунидан аст. Субҳон Ҷалилов директори барномаҳои “Ватан” қаблан ба “Озодагон” гуфт, ояндаи наздик пахши барномаҳои радиоро тавассути интернет ба роҳ хоҳанд монд. 

Комментариев нет:

Отправить комментарий