Azizistaj Headline Animator

Azizistaj

↑ Grab this Headline Animator

понедельник, 8 сентября 2014 г.

ВИДЕО: “Ice Bucket Challenge” дар Тоҷикистон. Кадоме аз чеҳраҳои саршинос ҳозир аст бар сари худ яхоб бирезад?

Сайф САФАР

Як нафар рост меистад ва сатили оби яхро бар сари худ мерезад. На ба далели гармии ҳаво, балки ба хотири пайвастан ба иқдоми Ice Bucket Challenge. Иқдоме, ки дар оғоз барои кӯмак ба маризони гирифтори склерози мушак роҳандозӣ шуд, аммо ахиран беморони мухталифро фаро гирифт.
Домани иқдоми Ice Bucket Challenge ё “Корзори оби ях” дар як муддати кутоҳ хеле васеъ гардида, таваҷҷуҳи афроди зиёдеро дар кишварҳои мухталиф ба худ кашид. Шахсиятҳои саршиносе аз арсаҳои варзиш, синамо, овозхонӣ, ҳамчунин раҳбарони ширкатҳои маъруф дар ин корзор иштирок карданд, ки миёнашон бунёдгузори Фейсбук Марк Сукерберг, бунёдгузори Microsoft Бил Гейтс, узви ҳайяти ширкати “Apple” Тим Кук, тоҷир ва сармоягузори амрикоӣ Ҷефрий Престон, рэпсароDr Dre буданд. Ҳамчунин дар мавриди вориди корзори мазкур шудани раҳбарони аҳзоб низ хабарҳо ҳастанд.

Ҳар нафар, ки ба иқдоми мазкур мепайвандад, муваззаф аст, “эстафета”-ро ба се тани дигар бидиҳад. Баъд аз ба сари худ пошидани “оби ях” аз он се нафар ном мебарад, ки давоми 24 соат бояд вориди корзор шаванд. Ҳар иштирокчӣ 10 доллари амрикоӣ мепардозад, аммо агар хоҳиши рад карданро дорад, бояд бо 100 доллараш “хайру хуш” кунад. Гуфта мешавад, раиси ҷумҳури Амрико - Барак Обама аз ин дархост сарпечӣ кардаву ба бунёди ҳимоят аз беморони гирифтори фаромушхотирӣ 100 доллар таслим кардааст. 

Далели ба таври бесобиқа паҳн шудани иқдоми мазкур иштироки афроди машҳур мебошад. Маъмултарин василаи иштирок дар он нашри видео дар шабакаҳои иҷтимоист. Бино ба охирин омор то имрӯз аз корзори мазкур наздик ба 1.2 миллион видео дар Фейсбук ва 2.2 миллион дар Ютуб мунташир шудааст. Он ахиран марзи Тоҷикистонро ҳам убур кард. Беҳрӯз Зеваров, Мубориз Усмонов ва Парӣ Орусбекова аз аввалин шахсоне ҳастанд, ки ба ин иқдом пайвастанд.

Продюсери тоҷик, Беҳрӯз Зеваров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ба хотири ҳимояти молӣ аз Ошӯрмо Аловатшоева, ки аз бемории сутунмуҳра ранҷ мебарад, ба Ice Bucket Challenge пайваст.“Бар илова 100 доллари дигаро ҳам ба суратҳисоби Аловатшоева гузарондем”,- илова кард ҷаноби Зеваров. Барои табобат Ошӯрмо Аловатшоева бояд ҷарроҳӣ шавад, ки қиммати онро табибон 600 ҳазору 834 рубли русӣ, баробар ба 84 ҳазору 70 сомонӣ гуфтаанд.

Навори Парӣ Орусбекова, ки аз пайвастанаш ба иқдоми мазкур хабар медиҳад, 2 сентябр дар Фейсбук нашр гардид. Хонум Орусбекова хостори пазируфтани эстафета аз сӯйи Азиз Холматов,Шариф Дорғабеков ва Эллина Ким шуд. Дар сӯҳбат бо “Озодагон” ӯ гуфт, “ману дӯстонам мунтазир ҳастем, ки теъдоди зиёдтари одамон ба Ice Bucket Challenge ҷалб мешаванд ва маблағи гирдомада ба бунёди иқдом ворид мегардад. Агар муваффақ нашудем, ҳар нафар иштирокчӣ ба бунёди “Дасти Ёрӣ” дар ҳаҷми 50 сомонӣ кӯмак хоҳем кард”.

Ice Bucket Challenge тоза ба Тоҷикистон омадааст ва ҳоло рӯшан нест, мисли кишварҳои дигар тавони ҷалб кардани афроди зиёдеро хоҳад дошт ё на. Ва ин суол ҳам кушодааст, ки оё афроди шинохтаи кишвари мо бо шумули мансабдорону тоҷирони муваффақ ва раҳбарони аҳзоб дар сурати даъват шудан ба он мепайванданд ё хайр ва ҳам агар хоҳиши иштирок надоранд, 100 долларро қурбон мекунанд? 

http://vimeo.com/105126979

(с) ОЗОДАГОН

Комментариев нет:

Отправить комментарий